Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани дурнамои ҳифз ва рушди анъанаҳои хоси ҳунарҳои бадеии халқӣ, бақайдгирӣ ва барӯйхатгирии мероси фарҳангӣ бо иштироки намояндагони шуъба ва бахшҳои фарҳанг, роҳбарони осорхонаҳо ва нозирони ёдгориҳои таърихӣ дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд"- и шаҳри Хуҷанд Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Ҳунарҳои бадеии халқӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо" ва семинар- тренинг доир гардид.
Тавре мутахассисони соҳа дар рафти маърӯзаҳои илмӣ қайд намуданд, мусоидат намудан ба бунёди инфрасохтори ҳунарҳои бадеии халқи тоҷик, такомули ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии ҳунармандон, эҳёи суннатҳои асили ҳунарҳои бадеии халқӣ яке аз самтҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ин аст, ки баҳри дастгирӣ ва татбиқи сиёсати фарҳангию илмӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола унсурҳои мероси фарҳангӣ барои ворид намудан ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод мегардад, ки он имконияти хуби муаррифии фарҳанги ғании миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб ёфта, бобати гиромидошт, ҳифз ва ба наслҳои оянда таҳвил додани он имконият фароҳам меорад.
Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон "Феҳристи миллии мероси фарҳангӣ" таҳия гардида, то ба имрӯз ба он зиёда аз 580 унсури фарҳангӣ ворид гардидааст, ки он бахшҳои гуногунро - аз фолклор то расму оинҳо ва ҳунарҳои дастӣ дар бар мегирад.
Қобили зикри хос аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар сатҳи давлатӣ эътибор дода мешавад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо сиёсати фарҳангсолориро пеш бурда, эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангиро дар меҳвари сиёсати фарҳангии худ қарор додаанд.