9-уми феврали соли 2026 дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни…
9-уми феврали соли 2026 дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ сурат гирифт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бо мақсади рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар соҳаи фарҳангу санъат ҳавасамандии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни муассисаҳои таълимӣ, инчунин омода намудани мутахассисони касбӣ ва мубодилаи таҷриба изҳори назар намуданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон