Имрӯз, 21-уми январи соли 2026 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири фарҳанг-Сатториён Матлубахон Амонзода бо роҳбари навтаъйини Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон , сафир Радослав Дарски доир гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили мухталифи равобити фарҳангӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо изҳори назар намуданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон