Бо мақсади таҳкиму густариши робитаҳои фарҳанги миёни кишварҳо нимаи дуюми имрӯз, 8.12.2025 дар Вазорати фарҳанг мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо мудири ширкати австриягии истехсолкунандаи пианино “L. Bosendorfer Klavierfabrik GmbН” хонум -Сабине Грубмюллер сурат гирифт.
Ширкати австриягии истеҳсолкунандаи пианино “L. Bosendorfer Klavierfabrik Gmbн” яке аз қадимтарин истеҳсолкунандагони ин дастгоҳи мусиқӣ дар ҷахон буда, соли 1828 аз ҷониби Игнатс Безендорфер таъсис ёфтааст. Пианиноҳои +Bosendorfer», дар баробари пианиноҳои “Fazioliv ba “Steinway & Sons" аз ҷумлаи беҳтарин асбобҳои мусиқӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон