Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди анъанаҳои фарҳанги либос ва баланд бардоштани арзиши миллию эстетикии он, таҳкими ҳавасмандии рассомон ва дизайнерҳо ва эҳёи анъанаҳои ҳунарҳои бадеии мардумӣ 29 августи соли 2024 Фестивали намоиши либосҳои миллиро бо номи "Ганҷинаи оина" бо ҷалби беҳтарин дизайнерҳои кишвар дар шаҳри Душанбе ташкил мекунад.