Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти асарҳои драмавӣ дар мавзӯи муосир таҷассумгари дастовардҳои бузурги иҷтимоиву иқтисодии марҳилаҳои нави таърихӣ, дигаргуниҳои куллии рӯзафзун, мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуби даврон , кашфи чеҳраҳои қаҳрамонҳои замони мо Озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон карда буд.
Тайи 7 моҳ , аз 1-уми март то 1-уми сентябри соли 2025 аз ҷониби муаллифони гуногун 19 асари таълифшуда пешниҳод гардид.
Пас аз баррасӣ ва муҳокимаи асарҳо ҳайати ҳакамон ҷойи якумро ба драмаи Ҷумъа Қуддус “Нури Истиқлол” сазовор донист.Ҷойи дуюм ба мазҳакаи Абдувадут Файзиев “Дар орзуи шавҳар” ва ҷойи сеюм ба драмаи Нарзулло Шарифов “Доми ғафлат” дода шуд.
Се мукофоти ҳавасмандкунӣ ба драмаҳои Ато Ҳамдам “Нури мино” Шодӣ Солеҳ “Яке рафту саг ҷакид” ва Абдуғаффори Абдуҷаббор “Муқовимат “ лоиқ дониста шуданд.
Асарҳои ғолиби Озмун дар шакли маҷмуаи алоҳида ба табъ расида , барои таҳия ба театрҳои касбии ҷумҳурӣ тавсия дода мешаванд.
Супоридани мукофотҳои озмуни ҷумҳуриявии драмнависон ба ғолибон дар Рӯзи театри тоҷик баргузор мегардад.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон