17 декабри Соли 2024, Душанбе. - Вазири энергетика Ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Намояндаи доимии навтаъиншудаи бонки осиеии рушд (ББР) Дар Тоҷикистон Ко Сакамото мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо бо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонки Осиеии рушд дар соҳаи энергетика ва захираҳои об шинос шуда, муҳокима намуданд. Вазири энергетика ва захираҳои об намояндаи навро бо вазъи кунунӣ ва афзалиятҳои соҳаи энергетика ва захираҳои оби кишвар шинос намуда, аҳамияти ҳамкорӣ бо БОР-ро барои рушди ин бахшҳо таъкид намуд. Кю Сакамото аз таъйини ХУД ба ВАЗИФАИ намояндаи доимии БОР Дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии созмони худро барои дастгирии минбаъдаи лоиҳаҳои рушди энергетика ва идоракунии самараноки захираҳои об тасдиқ кард. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар бахшҳои калидии кишвар изҳори умедворӣ намуданд.