7 сентябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд. Кори боэътимоди неругоҳ бо…
7 сентябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Кори боэътимоди неругоҳ бо гузоштани танга дар болои агрегатҳо ҷавобгӯи талабот арзёбӣ гардид.
Неругоҳ аз 6 гидроагрегат иборат буда, охирин агрегати он соли 1957 бо тавоноии лоиҳавии 21 МВт ба кор дароварда шудааст.
Дар тули 68 соли фаъолият гидроагрегат ва дигар таҷҳизоти асосии неругоҳ куҳна шуда, иқтидори истеҳсолии он 12 МВт коҳиш ёфта буд.
Шуруъ аз соли 2019 бо иқдому ташаббусҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои навсозӣ дар иншоот оғоз гардида, дар муддати беш аз 5 сол гидроагрегатҳои № 4, 5 ва 6-и неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори ҳар яки онҳо аз 19 ба 29 МВт баланд бардошта шуд.
Дар доираи лоиҳаи навсозии неругоҳи барқи обии Қайроққум бо ҷалби шарикони рушд ва мутахассисони дохилию хориҷӣ то имрӯз як қисми таҷҳизоти толори мошинҳо, дастгоҳи идоракунии турбинаҳо, трансформаторҳои системаи ангезишӣ, дастгоҳи идоракунии зери фишор, системаи идоракунии гидроагрегат, 6 трансформатори иқтидорашон 40 МВА ва дигар дастгоҳҳои асосӣ бо дастрас намудани онҳо аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо иваз карда шуд. Ба ҷойи дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220/110 кВ дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ насб гардид.
Ҳамзамон дар доираи лоиҳа сарбанди неругоҳ мустаҳкам карда шуда, корҳои таҷзияи таҷҳизоти куҳна дар агрегати №2 ба итмом расид ва 5 крани борбардор низ навсозӣ шуд.
Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон бо ҷалби ширкатҳои ватанию хориҷӣ корҳои ҷамъоварии ҷузъҳои гидроагрегати № 3, таъмири купруки сатҳи болоии неругоҳ, қитъаи обгузар ва корҳои навсозӣ дар дигар