Имрӯз Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода дар доираи сафари кори ба ноҳияи Айнӣ нахуст бо фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳсор» шинос гардид. Иброз гардид, ки дар ташкилоти ҷамъиятии мазкур…
Имрӯз Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода дар доираи сафари кори ба ноҳияи Айнӣ нахуст бо фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳсор» шинос гардид.
Иброз гардид, ки дар ташкилоти ҷамъиятии мазкур коргоҳи дӯзандагӣ, қолинбофӣ, ҳунарҳои мардумӣ, кошонаи ҳусн, коромӯзӣ ва омӯзиши забонҳо фаъолият дошта, барои занону духтарон ҷиҳати омӯзиши касбу ҳунар ва соҳиб шудан ба малакаҳои зарурӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳсор» Гулчеҳра Ҳасанова гирандаи Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда фаъолияти коргоҳро ба роҳ мондааст.
Таъкид гардид, ки рушди чунин коргоҳҳо дар маҳал, бахусус дар минтақаҳои кӯҳистон, дар самти бо шуғл фаро гирифтани занону духтарон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, омӯзиши касбҳои гуногун ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодии оилаҳо нақши муҳим дорад.