29 июл дар меҳмонхонаи “Хаят Реҷенсӣ” дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо тарроҳи ҷавону шинохта Ромиш Одиназода ва тарроҳи шинохтаи…
29 июл дар меҳмонхонаи “Хаят Реҷенсӣ” дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо тарроҳи ҷавону шинохта Ромиш Одиназода ва тарроҳи шинохтаи Ҷумҳурии Қазоқистон Тимур Турсунқулов намоиши либосҳои миллӣ таҳти унвони “Чил духтари тоҷик бо гесуи дароз” баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузор намудани чорабинии мазкур ин пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, аз ҷумла, чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, гулбасту алоча, читгароӣ, зардӯзию қуроқдӯзӣ, шерозбофӣ, тарғиби мӯйи дароз, ороиши мӯй, кокулбофӣ, майдабофӣ ва баланд бардоштани мақоми арзишҳои фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин чорабинии мазкур ҷиҳати арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси зебои миллӣ, атласу адрас, чакан ва баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ равона шудааст.
Баргузории чорабинии мазкур таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, мубодилаи таҷриба, рушди ҳамкорӣ, фаррох намудани доираи майдони рақобатпазирӣ миёни тарроҳон, дизайнерон, қаламкашону наққошон ва чеварон дар тарҳ ва дӯхти либоси миллӣ, хосатан, либоси миллии қадима бо тарҳи замонавӣ, муттаҳидсозии нерӯи ақлониву эҷодкорӣ, пайвандсозии таърихи гузаштаву муосир мебошад.
Ифтитоҳи расмии чорабинӣ бо суханронии Раиси Кумита Файзиддинзода Бунафша оғоз гардида, таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ба ҳама соҳаҳои ҳаёт таъсир мерасонанд, масъалаи ҳифзи либоси миллӣ аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад.
Либоси миллӣ нишонаи худогоҳӣ ва ифтихор аз гузаштаву имрӯз мебошад. Пешвои миллат дар суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки занони тоҷик бояд дар баробари донишандӯзӣ, фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди давлат, ҳамзамон посдори арзишҳои миллӣ бошанд, зеро маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро солим ва миллатро қавӣ мегардонад. Либоси миллӣ метавонад пули робита миёни гузашта ва имрӯз бошад. Вақте зан бо ифтихор либоси миллиро ба бар мекунад, ӯ на танҳо суннатро эҳё месозад, балки ба ҷаҳониён паёме мефиристад, ки тоҷикон миллати дорои таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва симои хоси тамаддунӣ мебошанд. Маҳз таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла фарҳанги либоспӯшӣ, метавонад ҷомеаро аз бегонашавии фарҳангӣ эмин нигоҳ дорад ва пояҳои давлатдории миллиро устувор созад.