Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг», ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, дар якҷоягӣ бо намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзиву зардӯзӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Иқдоми мазкур бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва либоси тоҷикӣ, дастгирии дизайнерҳо, дӯзандаҳо ва ҳунармандон, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангии тоҷикон роҳандозӣ шудааст.
Ҳамзамон фестивал-озмуни мазкур барои тақвият ба анъанаҳои миллӣ, таблиғ ва муаррифии либоси шинаму зебои тоҷикӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни минтақаҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар фестивал ҳунармандон, тарроҳон, дӯзандагон ва намояндагони соҳаи мӯд аз тамоми манотиқи кишвар иштирок намуда, намунаҳои беҳтарини эҷодиёти худро пешкаши тамошобинон гардониданд. Либосҳои миллӣ аз қабили чакан, атлас, адрас, нақшдӯзиву зардӯзӣ бо тарҳҳои муосир ва унсурҳои анъанавӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки зебоӣ ва рангорангии фарҳанги миллиро бозгӯ мекунанд.
Зимни чорабинӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ меҳмонон имкони шиносоӣ ва харидории ин осори дастиро пайдо намуданд.
Барномаи фарҳангии фестивал бо суруд ва рақсу оҳангҳои миллӣ рангу таровати бештар касб кард.
Зимни баргузории фестивал таъкид гардид, ки чунин иқдомҳо барои баланд бардоштани завқи зебоипарастии ҷомеа, дастгирии ҳунармандони ватанӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти муҳим доранд.
Дар фарҷом, беҳтарин иштирокчиён аз рӯи номинатсияҳои гуногун муайян гардида, бо Шоҳҷоиза, Дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Наминатсияҳо :
1) Намоиши либосҳои қадимаи маҳал:
2) Намоиши либосҳои рўзмарра:
3) Намоиши либосҳои маросимӣ ва идона:
4) Намоиши либосҳои расмӣ:
5) Намоиши беҳтарин либоси миллии атласу адрас;
6) Намоиши навъҳои гуногуни сўзанидўзӣ, гулдўзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, порадўзӣ, читгарӣ, шоҳӣ, атласу адрас, гулбасту алоча, гардӣ, тоқиву ҷуроб, шероз ва ресмонбофӣ;
7) Беҳтарин қаламкаш;
Беҳтарин навори видеоӣ (ролик дар ҳаҷми 3 дақиқа) оиди фаъолияти тарроҳ-ҳунарманд, ки дар фестивал-озмун иштирок мекунад.
Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» бори дигар собит сохт, ки фарҳанги миллии тоҷикон дорои рангорангӣ, зебоӣ ва арзишҳои беназир мебошад ва ҳифзу рушди он вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Зеро Тоҷикистон кишварест, ки дар он таърихи расму оинҳо бодиққат ҳифз гардида, онро ба санъати муосир ва мояи ифтихори миллӣ табдил медиҳад.
Фестивал-озмун барои дизайнерҳо, тарроҳон, ҳунармандон, чеварон, наққошон, қаламкашон, рассомон ва ҳар касе, ки зебоӣ ва сарвати фарҳангии ҳақиқиро қадр мекунад, фазои илҳом, муколама ва имкониятҳои нав муҳайё сохта, мақсади асосии он ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ, баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ, оммавигардонии ҳунарҳои мардумӣ, ҳавасмандгардонии истеҳсолоти ватанӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Тоҷикистон рушди ҳунарҳои анъанавиро чун як унсури муҳими рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ ва тавсеаи имконоти иқтисодӣ барои занон ва ҷомеаҳои маҳаллӣ ҳамеша дастгирӣ менамояд.