Дар вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Чорабинӣ бо мақсади эҳё ва рушди анъанаҳои…
Дар вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Чорабинӣ бо мақсади эҳё ва рушди анъанаҳои неки миллӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тарғиби фарҳанги хонаводагӣ ва густариши малакаҳои кадбонугӣ миёни бонувон доир шуд. Дар он ғолибони даврҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, маҳорати худро дар омода намудани таомҳои миллӣ, ороиши дастархон, риояи одоби хонаводагӣ ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ нишон доданд.
Муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаинзода Заррина зимни суханронии худ иброз дошт, ки баргузории чунин озмунҳо барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳо ва таҳкими пояҳои оиладорӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон зикр гардид, ки занону модарон ҳамчун нигоҳдорандагони фарҳанг ва тарбиятгарони асосии ҷомеа нақши муҳим доранд.
Дар ҷараёни озмун ҳайати ҳакамон ба сатҳи омодагӣ, маҳорати пухтупаз, тозагиву зебоии дастархон ва тарзи муаррифии иштирокчиён баҳои баланд доданд. Ҳар як иштирокчӣ кӯшиш намуд, ки бо пешниҳоди беҳтарин таомҳои миллӣ ва намоиши ҳунари худ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон муайян гардида, бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Бояд гуфт, ки озмуни «Кадбонуи беҳтарин» яке аз иқдомҳои муҳим дар самти таҳкими арзишҳои оилавӣ ва муаррифии ҳунарҳои миллии тоҷикон буда, ҳамасола бо фарогирии васеъ баргузор мегардад.