Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил гардид, ки то 31 май идома меёбад.
Дар намоиш-фурӯш занони ҳунарманди шаҳру ноҳияҳои мамлакат, гирандагони гранти президентӣ ва соҳибкорзанон имкон доранд маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро ба фурӯш гузоранд. Дар ин рӯзҳо сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд аз маҳсулоти дастии ҳунармандони тоҷик харидорӣ намоянд.
Ин иқдом бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик соли сеюм аст, ки дар мамлакат баргузор мегардад.
Ҳамчунин мақсади асосии ин намоиш-фурӯш баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.
Баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангии тарғиботию ташвиқотӣ ба баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои либоспӯшии миллӣ, равнақ бахшидани фарҳанги истифода ва ба бар намудани чакан ва дигар либосҳои гулдӯзӣ ва дастбоф, суръати тоза бахшидан ба раванди истеҳсоли матоъҳои гуногуни баландсифати миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзию гулдӯзӣ, попурдӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, тоқиву ҷузвдондӯзи ва дигар намудҳои чеварӣ, густариши фаъолияти ҳунармандон, тарроҳону чеварон, сӯзанидӯзону чакандӯзон, қаламкашону наққошон, ҳамзамон фаъолияти корхонаҳои хурди дӯзандагиву истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойи нави кор барои занону духтарон мусоидат менамояд.