Дар ноҳияи Файзобод бо иштироки муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии…
Дар ноҳияи Файзобод бо иштироки муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.
Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаинзода Заррина иброз дошт, ки баргузории чунин озмунҳо дар баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, тарғиби фарҳанги миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонуҳо, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои миллию маҳаллии азбайнрафта ва ривоҷ додани пухтупази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ мусоидат мекунад.
Зимни баргузории озмун ғолибон муайян гардида бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.