Бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби либоси миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, инчунин ҷиҳати таъмини иҷрои…
Бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби либоси миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, инчунин ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 таҳти №АП-952 «Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», санаи 8 апрели соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Қасри фарҳанг»-и шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳурияви «Як матову сад ранг» баргузор гардид.
Дар кори фестивал муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода иштирок намуда, зимни суханронии худ иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи суннатҳои неки ниёгон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ нақши муассир дорад. Қайд гардид, ки либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, муаррифгари таърих, тамаддун ва завқи зебоипарастии миллати тоҷик мебошад.
Фестивал аз рӯи 6 номинатсия баргузор гардида, аз ҷумла: «Намоиши либосҳои қадимаи маҳал», «Намоиши либосҳои рӯзмарра», «Намоиши либосҳои маросимӣ ва идона», «Намоиши либосҳои расмӣ», инчунин «Намоиши намудҳои гуногуни ҳунарҳои дастӣ», аз қабили сӯзанидӯзӣ, гулдузӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, коркарди матоъҳои миллӣ – шоҳӣ, атлас, адрас, гулбаст ва алоча иборат буд.
Ҳайати ҳакамон ба сатҳи омодагӣ, мазмуну муҳтаво, тарҳи эҷодӣ ва сифати иҷрои корҳои пешниҳодшуда баҳои баланд дода, дар асоси талаботи низомнома ғолибонро муайян намуданд. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷом, беҳтарин иштирокчиён барои иштирок дар даври вилоятии фестивал-озмун роҳхат гирифтанд, ки ин нишонаи қадршиносии заҳмат ва маҳорати онҳо дар рушди ҳунарҳои миллӣ арзёбӣ мегардад.
Баргузории чунин фестивалҳо заминаи мусоид барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва муаррифии арзишҳои миллии тоҷикон дар сатҳи баланд маҳсуб меёбад.