6 апрел дар боғи фарҳангӣ- фароғатии "Хурамшаҳр " - и ноҳияи Данғара даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» бо иштироки ҳунармандон, донишҷӯён, хонандагон ва дӯстдорони санъати миллӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо мақсади эҳё ва рушди…
6 апрел дар боғи фарҳангӣ- фароғатии "Хурамшаҳр " - и ноҳияи Данғара даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» бо иштироки ҳунармандон, донишҷӯён, хонандагон ва дӯстдорони санъати миллӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии ҷомеа ташкил карда шуд.
Дар ҷараёни озмун иштирокчиён маҳсули эҷодиёти худро ба намоиш гузошта, маҳорати худро дар истифодаи матоъҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрас ва дигар намудҳои ҳунарҳои дастӣ муаррифӣ намуданд. Ҳар як иштирокчӣ кӯшиш ба харҷ дод, то бо тарҳу нақшу нигори ҷолиб ва рангоранг диққати ҳайати ҳакамонро ҷалб намояд.
Ҳайати ҳакамон ба сатҳи омодагӣ, ҳунари иҷро, мутобиқати корҳо ба анъанаҳои миллӣ ва навоварӣ баҳои баланд дода, беҳтарин иштирокчиёнро муайян намуданд. Ғолибон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.