Дар таърихи ҳар миллат санаҳое вуҷуд доранд, ки дар тақдири ҳар халқият онҳо бо хатти заррин навишта шуда, сарнавиштсозанд.
16 ноябр дар саросари кишвар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки ба шарофати ин санади тақдирсоз Тоҷикистон ва халқи он таҳти сарварию сиёсати сулҳпарварона ва инсондўстонаи Пешвои муаззами миллат тавонист ба муноқишаҳои дохилӣ ва берунӣ хотима бахшида, ба раванди бунёди Тоҷикистони навин бо гузоштани пойдевори мустаҳками сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба рушди бемайлони фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат оғоз намояд.
Интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Сарвари давлат дар оғози солои 90-ум санҷиши мардонагӣ, ҷасурӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандўстию нотарсӣ буд, ки ҳокимияти сиёсии фалаҷгаштаро барқарор, муносибатҳои бенизоми иҷтимоиро муътадил ва сулњу амниятро пойдор намуда, бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ худро пурра ба ҳимояи ягонагии давлат ва ташкили ҳувияти миллӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ бахшидааст.
Президенти кишвар танзими хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳониро ба назар гирифта, таъмини суботи сиёсиро вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморид ва тамоми ҳастии худро ба пешравии миллату давлат бахшида, дар қалбу дидаи халқи тоҷик шуълаи умед ба ояндаи дурахшону босаодат ва зиндагии шоистаро фурўзон намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбароне ҳастанд, ки шахсияти сиёсияшон қадам ба қадам дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтаанд. Ҳамон гуна, ки аҳли як хонадон фарзанди худро, ки дар пеши чашмашон аз як навҷавони навқад ба як марди бузург табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти вай ошноӣ доранд, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғӯши ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааанд.Ин аст, ки чеҳраашон чеҳраи табиӣ, шахсияташон шахсияти воқеӣ ва хидматҳояшон хидматҳои бунёдӣ мебошанд.
Маҳз азму талош ва ибтикорњои нотакрори Пешвои муаззами миллат буд, ки амну амонӣ, ваҳдату истиқлолияти комил ба Тоҷикистону миллати тамаддунофари он насиб гардид. Ташаббусҳову ҷонбозиҳои беназири Сарвари давлат дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат, иқдомҳои нодир дар масъалаи об ва бехатарии минтақа, сохтмони иншоотҳои аср бори дигар аз сарсупурдагӣ ба миллату давлат шаҳодат дода, тоҷикону Тоҷикистонро бо забони ноби тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳонӣ машҳуру шуҳратёр гардонидааст.
Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллати мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумўъ ва ободии Ватан, фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалии сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихори бузургест барои халқ, миллат ва давлати тоҷикон.
Модарону бонувони сарбаланди кишвар бо ифтихори баланди ватандорӣиба фарзанди фарзона, Пешвои муаззами миллат барои хизматҳои беназир, дастгириву ғамхориҳои рўзафзун сипосу миннатдорӣ намуда, таманнои онро мекунем, ки таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи шоҳсутуни миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати Тоҷикистони соҳибистиқлолу мардуми сарбаланди он ҳамеша дар амон ва сулҳу суботи комили Ватан устувору пойдор бимонад.