РУШДИ НИЗОМИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ СОҲАИ ЗАМИН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ Дар низоми захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ҳамчун яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешбурди фаъолияти…
РУШДИ НИЗОМИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ СОҲАИ ЗАМИН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Дар низоми захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ҳамчун яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Самаранокии истифода ва ҳифзи ин сарвати миллӣ ба рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёт, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими иқтидори давлат таъсири бевосита мерасонад.
Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти таъмини мустақилияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро фароҳам оварда, барои ташаккули низоми миллии қонунгузорӣ заминаи мусоид гузошт. Дар чунин шароит масъалаи танзими муносибатҳои замин ва ташаккули заминаҳои ҳуқуқии истифодаи самараноки замин ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти васеи ҳуқуқӣ амалӣ гардида, барои ташаккул ва рушди низоми муосири қонунгузории соҳаи замин тадбирҳои муассир роҳандозӣ шуданд.
Асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои замин пеш аз ҳама дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Мувофиқи моддаи 13 Конститутсия замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Ин меъёри конститутсионӣ на танҳо мақоми ҳуқуқии заминро муайян менамояд, балки самтҳои асосии сиёсати давлатро дар соҳаи истифода ва ҳифзи замин низ муқаррар месозад. Бо такя ба ин принсипҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ низоми мукаммали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташаккул ёфт, ки муносибатҳои заминро дар тамоми самтҳо танзим менамоянд.
Қадами муҳим дар ташаккули қонунгузории соҳавӣ қабули Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 ба ҳисоб меравад. Кодекси мазкур заминаи асосии ҳуқуқии танзими муносибатҳои заминро ташкил намуда, масъалаҳои марбут ба истифода, ҳифз, идоракунӣ ва назорати давлатии истифодаи заминро ба низом даровард. Дар тӯли солҳои амалишавии Кодекси замин ба он вобаста ба рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тағйирёбии талаботи ҳуқуқӣ якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин раванд нишон медиҳад, ки қонунгузории соҳаи замин ҳамчун низоми зиндаи ҳуқуқӣ пайваста такмил ёфта, ба воқеияти нави иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Дар баробари Кодекси замин, дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии махсус қабул гардиданд, ки ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои заминистифодабариро ба танзим медароранд. Аз ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин», «Дар бораи заминсозӣ», «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ»), «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Дар бораи баҳои замин», «Дар бораи геодезия ва харитасозӣ», «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷудо кардани 50 ҳазор гектар ва баъдан 25 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон», «Дар бораи ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, «Дар бораи ба амал баровардани ҳуқуқи истифодаи замин», «Дар бораи таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ», «Дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ», «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ», «Дар бораи истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи назорати давлатӣ ба истифода ва ҳифзи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, «Дар бораи тасдиқ намудани қоидаҳои амалӣ кардани кадастри давлатии замин», «Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои тартиби аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани заминҳо, «Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби ҷуброни зарари заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани қитъаи заминҳо аз гардиш», «Дар бораи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ барои рушди муносибатҳои соҳаи замин ва таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Дар шароити рушди муносибатҳои нави иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низоми қонунгузории соҳаи замин низ бояд ба талаботи замон мутобиқ гардонида шавад. Таҷрибаи амалии ҳуқуқтатбиқкунӣ нишон медиҳад, ки бо вуҷуди нақши муҳими Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими муносибатҳои вобаста замин, дар ҷараёни татбиқи баъзе меъёрҳои он мушкилот ва масъалаҳои баҳсталаб ба миён омадаанд, ки ҳалли онҳо такмили минбаъдаи қонунгузории соҳавиро тақозо менамояд.
Дар давоми солҳои истиқлоли давлатӣ муносибатҳои вобаста ба истифода ва ҳифзи замин ба таври назаррас тағйир ёфтанд. Пайдо гардидани шаклҳои нави фаъолияти хоҷагидорӣ, рушди муносибатҳои иқтисодии бозорӣ, зиёд гардидани талабот ба захираҳои замин ва густариши раванди рақамикунонии идоракунии давлатӣ зарурати ворид намудани тағйироти ҷиддиро ба низоми ҳуқуқии соҳа ба вуҷуд оварданд. Таҳлили амалияи татбиқи қонунгузорӣ нишон медиҳад, ки қисми муайяни мушкилот ба парокандагии меъёрҳои ҳуқуқӣ, мавҷудияти номувофиқатиҳо байни баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва нокифоя будани танзими баъзе муносибатҳои нав ба вуҷуд омада вобаста мебошад. Дар чунин шароит масъалаи таҷдиди низоми қонунгузории соҳаи замин ва таҳияи санади мукаммали ҳуқуқии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аҳамияти махсус пайдо намуд.
Бо дарназардошти ин омилҳо, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти танзими муносибатҳо вобаста ба замин ва субъекти ҳуқуқэҷодкунандаи соҳа ба масъалаи таҳияи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд. Ҳадафи асосии ин иқдом на танҳо такмили меъёрҳои мавҷуда, балки ташаккули низоми нави ҳуқуқии муосир мебошад, ки имконияти танзими самараноки тамоми муносибатҳои вобаста ба заминро фароҳам оварад.
Бо мақсади таҳияи санади муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замон гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуда, ба раванди таҳияи лоиҳа намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон, ҳуқуқшиносон ва мутахассисони ботаҷрибаи соҳа ҷалб гардиданд. Ин ҳамкории назария ва амалия имкон дод, ки мушкилоти воқеии соҳа мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифта, барои ҳалли онҳо роҳкорҳои ҳуқуқии муассир пешниҳод карда шаванд.
Лоиҳаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия карда шуда, он аз 2 қисм, 22 боб ва 177 модда ва муқаддима иборат буда, фарогири маҷмӯи васеи муносибатҳои вобаста ба назорати давлатии истифода ва ҳифз, инчунин идоракунии замин мебошад.
Лоиҳаи мазкур бо дарназардошти талаботи муосири рушди қонунгузорӣ таҳия шуда, ба бартараф намудани мушкилоти амалии соҳа ва такмили механизмҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳои соҳаи замин равона гардидааст. Таҳияи Кодекси нав аз он ҷиҳат низ муҳим арзёбӣ мегардад, ки дар тӯли зиёда аз бисту панҷ соли амалисозии Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он тағйиру иловаҳои сершумор ворид гардидаанд. Гарчанде ин тағйирот барои мутобиқ намудани қонунгузорӣ ба талаботи замон мусоидат намуданд, аммо дар баъзе ҳолатҳо ба мураккаб гардидани сохтор ва дарки ягонаи меъёрҳои ҳуқуқӣ оварда расониданд. Аз ин рӯ, таҳияи Кодекси замин дар таҳрири нав ҳамчун марҳилаи нави рушди қонунгузории соҳавӣ арзёбӣ гардида, ба ташаккули низоми ҳуқуқии муосир ва устувор равона гардидааст.
Ҳангоми таҳияи лоиҳаи Кодекси замин пеш аз ҳама, таъмин намудани ягонагии танзими ҳуқуқии муносибатҳои замин ва бартараф намудани ихтилофҳои меъёрӣ ҳамчун яке аз вазифаҳои калидӣ муайян гардид. Дар баробари ин, лоиҳа ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатии захираҳои замин, таҳкими кафолатҳои ҳуқуқии заминистифодабарандагон ва ҷорӣ намудани механизмҳои муосири идоракунӣ нигаронида шудааст. Ҳамзамон, дар лоиҳаи Кодекси нав масъалаҳои вобаста ба назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, истифодаи мақсадноки он, пешгирии вайроншавии ҳолати экологӣ ва таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои замин низ ҷойгоҳи муҳимро ишғол менамоянд. Бо ҳамин, Кодекси нав бояд ҳамчун санади мукаммали ҳуқуқӣ барои рушди минбаъдаи сиёсати давлатии замин ва таъмини истифодаи самараноки ин сарвати миллӣ хизмат намояд.
Дар ҷараёни таҳияи лоиҳа масъалаҳои муҳими соҳавӣ, аз ҷумла тартиби гузаронидани заминҳо аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар, дақиқ муайян намудани ваколатҳои мақомоти давлатӣ, такмили тартиби додан ва вобастакунии қитъаҳои замин, танзими масъалаҳои марбут ба гузариши ҳуқуқи истифодаи замин ва мушаххас намудани сохтору таркиби гурӯҳҳои Фонди давлатии ягонаи замин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими лоиҳаи нав дар он ифода меёбад, ки он на танҳо тағйиру иловаҳои ҷудогона ба Кодекси амалкунанда мебошад, балки санади комилан таҷдидшудаи ҳуқуқӣ маҳсуб ёфта, муносибатҳои заминро бо назардошти воқеиятҳои нави иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба танзим медарорад. Кодификатсияи меъёрҳои ҳуқуқии соҳаи замин яке аз навгониҳои муҳими лоиҳа ба муттаҳид намудани меъёрҳои парокандаи ҳуқуқии соҳаи замин дар доираи як санади мукаммал вобаста мебошад. Дар амалияи ҳуқуқӣ солҳои зиёд як қатор муносибатҳои соҳаи замин тавассути қонунҳо, қарорҳои ҳукуматӣ ва дигар санадҳои зерқонунӣ танзим карда мешуданд. Чунин вазъият баъзан боиси мушкилоти ҳуқуқтатбиқкунӣ ва тафсири гуногуни меъёрҳои ҳуқуқӣ мегардид. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи Кодекси нав қисми зиёди меъёрҳои муҳими соҳавӣ дар шакли мукаммал ворид карда шуда, барои таъмини ягонагии танзими ҳуқуқӣ замина фароҳам оварда шудааст. Татбиқи чунин равиш ба соддагардонии низоми қонунгузорӣ, баланд бардоштани дастрасии шаҳрвандон ба меъёрҳои ҳуқуқӣ ва беҳтар гардидани фаъолияти мақомоти ваколатдор мусоидат менамояд.
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии идоракунии захираҳои замин дар лоиҳаи Кодекси нав масъалаи дақиқ намудани ваколатҳои мақомоти давлатӣ ҷойгоҳи муҳимро ишғол менамояд. Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки дар баъзе ҳолатҳо байни ваколатҳои мақомоти давлатӣ норавшанӣ ба мушоҳида мерасид. Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо дар лоиҳаи нав салоҳият, ваколат ва доираи фаъолияти ҳар як мақоми давлатӣ мушаххас ва муфассал муайян карда шудааст. Ин тадбир имкон медиҳад, ки самаранокии қабули қарорҳо баланд гардида, сатҳи масъулияти мақомоти давлатӣ дар самти назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин тақвият ёбад.
Дар шароити рушди муносибатҳои иқтисодӣ масъалаи шаффофият ва асоснокии қарорҳои вобаста ба додани қитъаҳои замин аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кардааст. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи нав меъёрҳое пешбинӣ гардидаанд, ки ба таъмини адолат, ошкорбаёнӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ мусоидат менамоянд. Ҳамзамон, тартиби гузариши ҳуқуқи истифодаи замин, аз ҷумла ҳангоми азнавташкилдиҳии субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, мушаххас карда шудааст.
Тақвияти ҳифзи ҳуқуқи заминистифодабарандагон яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳоти қонунгузории соҳаи замин, таҳкими кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар субъектҳои муносибатҳои замин мебошад. Дар ин замина, дар лоиҳаи Кодекси нав масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи заминистифодабарандагон, тартиби ҳалли баҳсҳои замин ва механизмҳои ҳимояи ҳуқуқҳои вайроншуда такмил дода шудаанд. Пешбинӣ мегардад, ки татбиқи ин меъёрҳо ба таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ ва ҳифзи самараноки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо мусоидат хоҳад намуд.
Қабули Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қадами муҳим дар роҳи такмили минбаъдаи низоми ҳуқуқии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин санад метавонад барои ташаккули муҳити мусоиди ҳуқуқӣ, рушди фаъолияти хоҷагидорӣ, беҳтар гардидани идоракунии давлатии захираҳои замин ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи онҳо заминаи мусоид фароҳам оварад.
Дар баробари ин, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пайдо гардидани талаботи нави иқтисодию иҷтимоӣ зарурати такмили минбаъдаи қонунгузории соҳаро ба миён овардааст.
Аз ин рӯ, таҳияи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва тасдиқи он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамчун идомаи мантиқии ислоҳоти ҳуқуқии соҳа арзёбӣ гардида, ба баланд бардоштани самаранокии танзими муносибатҳои замин, назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, бартараф намудани ихтилофҳои ҳуқуқӣ ва мутобиқ намудани қонунгузорӣ ба талаботи замони муосир равона шудааст.
Ҳамин тариқ, такмили пайвастаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи замин яке аз омилҳои муҳими рушди устувори иқтисодӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Холзода Т.Б.
мудири бахши таъминоти ҳуқуқии
Кумитаи давлатии идораи замин
ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон