Дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатӣ Ориф Хоҷазода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара баргузор гардид, ки дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иштирок намуд.
Баъди тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ муовини якуми Раиси Кумитаи давлатӣ Хуршед Бобозода ҳисобот дод.
Қайд гардид, ки ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар шароите баргузор мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи нави рушди давлатдорӣ ва таҳкими пояҳои сулҳу суботи ҷомеаро тай намуда, нуфузи кишвари соҳибистиқлоли мо сол аз сол дар арсаи ҷаҳонӣ ба маротиб боло меравад.
Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як сокини кишвар аст, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамасола мавқеи бештар касб намуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгирӣ қарор мегиранд. Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» боз як далели равшани эътирофи сиёсати сулҳҷӯёна, башардӯстона ва созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҳар як хизматчии давлатӣ масъулияти бештарро дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ ба миён меорад.
Ҳамзамон, мардуми Тоҷикистон ба таҷлили ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинем. Ин санаи фархунда барои ҳар яки мо на танҳо мояи ифтихор, балки масъулияти бузург низ мебошад.
Бинобар ин, дар соли ҷашни омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷомеаи меҳнатии Кумитаи давлатӣ суботкорона меҳнат намуда, бо вуҷуди ҷой доштани камбудиҳои бартарафшаванда, дар маҷмӯъ ба муваффақиятҳо ноил шуданд.
Сипас, раисони кумитаҳои идораи замин дар маҳал ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ оид ба натиҷаи фаъолият дар ин давра гузориш дода, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вазифадор шуданд.
Таъкид шуд, ки таҳлили фаъолияти кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар маҳал нишон медиҳад, ки ҳанӯз дар баъзе самтҳо камбудиву мушкилот мавҷуданд, ки бартараф намудани онҳо аз ҳар як роҳбар ва корманди соҳа муносибати масъулона, ташаббускорӣ ва интизоми баланди хизматиро талаб мекунад.
Бинобар ин, дастур дода шуд, ки ҳамаи масъулини соҳа ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, баланд бардоштани самаранокии идоракунии захираҳои замин, рушди корҳои геодезиву харитасозӣ, рақамикунонии соҳа ва таҳкими назорати давлатии истифодаи замин тадбирҳои амалӣ татбиқ намоянд.