Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таъиноти кадрӣ сурат гирифта, Бобозода Хуршед Сафар, ки то ин вақт директори ИДЛЗ “Тоҷикзаминсоз” буд, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатӣ таъин гардид.
Зимни муаррифии муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода қарори Ҳукумати мамлакатро ба самъи ҳозирон расонида, ба кадри навтаъиншуда барору комёбӣ таманно намуд.
Бобозода Х.С. аз кадрҳои соҳибтаҷрибаи соҳа буда, соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2000 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-менеҷер, соли 2000 факултаи иқтисодии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳосиб-аудит ва соли 2019 Донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси заминсозӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 2001 ба ҳайси сардори шӯъбаи таъминоти техникиии Кумитаи заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои гуногун дар вазифаҳои муовини роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода, мудири шӯъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода, муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, раиси кумитаи идораи замини вилояти Хатлон, сармуҳандис ва баъдан дар вазифаи директори ИДЛЗ “Тоҷикзаминсоз” кору фаъолият намудааст.
Ҳамчунин дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мирзозода Саъдӣ Назир, ки то ин вақт дар вазифаи раиси кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе фаъолият дошт, директори ИДЛЗ “Тоҷикзаминсоз”-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таъин гардид.
Мирзозода С.Н. соли 1990 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 2012 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси заминсозӣ ва соли 2023 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ хатм намудааст.
Солҳои 2012-2018 муҳандиси шӯъбаи кадастри замини ИЛТ “Фазо”, солҳои 2018-2023 мутахассис ва баъдан сармутахассиси раёсати назорати давлатии заминҳои шаҳрии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, солҳои 2023-2024 раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон буд.
Аз соли 2024 то имрӯз дар вазифаи раиси кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Ҷомеаи меҳнатии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ кадрҳои ба мансабҳои давлатӣ навтаъиншударо муборакбод намуда, барои фаъолияти минбаъдаашон ба онҳо барору комёбӣ таманно дорад.