Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни байналмиллалии Наврӯз бо шукуҳи шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Дар оғози чорабинӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ҳамроҳи меҳмонон бо дастурхони наврӯзии корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ, инчунин кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои фаръии давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияи Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Варзоб боздид намуданд, ки он ифодагари анъанаҳои ниёгон буда, хонҳои наврӯзӣ бо ҳафт сину ҳафт ши оро ёфта буд.
Сипас, Раиси Кумитаи давлатӣ Ориф Хоҷазода суханронӣ намуда, куллии иштирокдорони чорабиниро бо ҷашни байналмиллалии Наврӯз шодбош намуд.
Қайд гардид, ки мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон мутобиқи тақвими қадима чанд рўз инҷониб Соли нави аҷдодии худ – Наврўзи Аҷамро дар саросари кишвар бо шукўҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд ва баргузории чорабиниҳои идона дар миқёси кишвар идома доранд.
Ориф Хоҷазода таъкид дошт, ки Наврўз яке аз маҳбубтарин ҷашни таърихии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ ҳамасола бо пуршукўҳ таҷлил гардида, фарорасии Наврўзро мардуми мо ҳамчун эҳёи нуру зиё ва файзу баракат бесаброна интизорӣ мекашанд.
– Дар ин замина – изҳор дошт Раиси Кумитаи давлатӣ – таъкиди ин нуктаро зарур мешуморам, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар изҳор намуда буданд, ки: «мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем».
Ин аст, ки дар оғози моҳи март мо дар минтақаи Ховарони шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Зиёзода Сулаймон ва Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шеарлизода дар майдони 7 гектар боғ бунёд намудем ва ин раванд минбаъд низ идома меёбад.
Бинобар ин моро зарур аст, ки ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, барои ободу зебо намудани кишвар саҳми муносиб гузошта бошем.
Яъне, моро мебояд анъанаҳое, ки ниёгонамон вобаста ба фарорасии баҳор ва оғози мавсими киштукор эҷод намуда буданд, сарбаландона идома дода, ба кори ҳаррўза табдил диҳем.
Дар охири суханронии худ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ изҳор дошт, итминони комил дорам, ки Наврўзи имсола, ки дар соли таҷлили ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бошукуҳ таҷлил мегардад бо қадами мубораки худ ба ҳамаи мову Шумо дар роҳи созандаву бунёдкорӣ ва марҳилаи ободонии кишвари соҳибистиқлол ва миллати сарбаланди Тоҷикистон муждаҳои тоза меорад.