Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки собиқадорони меҳнат, кулли занону бонувони дастгоҳи марказӣ ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Модар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинии идона Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ҳамаи занону духтаронро бо ҷашни Рӯзи Модар муборакбод намуд.
Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳми занон дар рушди кишвар баҳои баланд дода, таъкид дошта буданд, ки: «Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем».
Ин аст, ки занону духтарони Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти таваҷҷӯҳи ҳамешагии давлату Ҳукумати кишвар қарор дошта, барои дастгирии онҳо барномаҳои мухталифи давлатӣ татбиқ мегарданд.
Ориф Хоҷазода изҳор дошт, ки мо фахр мекунем, ки имрўз дар дастгоҳи марказӣ ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ баробари мардон, занону духтарон ҳамчун мутахассисони соҳибмаърифат фаъолияти назаррас доранд.
Изҳори итминон гардид, ки бонувони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ суннатҳои неки ниёгонамонро идома дода, ҷашни байналмиллалии Наврўзи Аҷмаро бо рўҳияи баланди идона таҷлил менамоянд.
Дар баробари ин зикр гардид, ки соли ҷорӣ мардуми Тоҷикистон 35-солагии Истиқоли давлатиро бошукуҳ таҷлил менамоянд. Ҳамчунин, соли ҷорӣ ба таъсисёбии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҳамчунин мақоми алоҳидаи ваколатдори давлатӣ 30-сол пур мешавад.
– Аз ин лиҳоз - таъкид дошт Ориф Хоҷазода - ҳамаи мову Шуморо зарур аст, ки ба ифтихори ин ҷашнҳо фаъолияти ободкориву созандагии худро дучанд намуда, дар ободу зебо намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол ва пешрафти кори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ аз сидқи дил саҳмгузор бошем.
Дар чорабинӣ ба собиқадорони меҳнат ва ба бештар аз 120 нафар занону духтарони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ тӯҳфаҳои идона тақдим гардид.
Ҳофизони хушовози Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сурудҳои дилнишин ба чорабинии идона шукӯҳи дигар бахшиданд.