РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР САМТИ БАРРАСИИ МУРОҶИАТҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ УҲДАДОРӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ЯК ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ МАҲСУБ МЕЁБАД Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муносибатҳоро вобаста ба…
РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР САМТИ БАРРАСИИ МУРОҶИАТҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ УҲДАДОРӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ЯК ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ МАҲСУБ МЕЁБАД
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муносибатҳоро вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ирсол гардидаанд, танзим менамояд.
Зери мафҳуми «муроҷиатҳо» - ариза, дархост, таклиф, шикояти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар шакли хаттӣ, электронӣ ё шифоҳӣ ба мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳод шудаанд, фаҳмида мешавад.
Муроҷиатҳое, ки бо тартиби муқаррарнамуда пешниҳод мешаванд, бояд аз ҷониби мақомоту ташкилоти дахлдор қабул карда, дар варақаи иттилоотӣ ба қайд гузошта ва бо додани рақами алоҳида ба ҳар як муроҷиат ба ҳисоб гирифта шаванд. Рад кардани қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ манъ аст. Муроҷиатҳои воридгардида, новобаста ба тобеияти идоравии онҳо, бояд дар мақомоту ташкилоти дахлдор ба қайд гирифта шуда, баҳисобгирии онҳо аз ҷониби мақомоту ташкилоти баррасикунандаи муроҷиат анҷом дода мешавад.
Масъулият оид ба ташкили қабул, бақайдгирӣ, дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ намудан ва баҳисобгирии омории муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба зиммаи роҳбарони мақомоту ташкилоти дахлдор вогузор карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ройгон мебошад, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар самти муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мақомоти баррасикунандаи муроҷиатҳо як қатор уҳдадориҳоро доро мебошанд:
- баррасии воқеъбинона, холисона, беғаразона ва саривақтии муроҷиатҳоро таъмин намуда, масъалаҳои гузошташударо ҳангоми зарурат бо иштироки муроҷиаткунандагон, даъвати шахсони дахлдор санҷанд;
- барои пурра, холисона ва ҳаматарафа баррасӣ намудани муроҷиат аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва аз мақомоту ташкилоти дахлдор маводи заруриро талаб намоянд;
- барои барқарор кардан ва (ё) ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардидаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чораҷӯӣ намоянд;
- аз рӯи моҳияти масъалаҳои дар муроҷиат гузошташуда, ба истиснои ҳолатҳои дар қисмҳои 1 ва 4 моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» пешбинигардида, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ посухи хаттӣ диҳанд;
- муроҷиаткунандаро дар мӯҳлати се рӯз аз лаҳзаи қабули қарор оид ба ирсоли муроҷиат барои баррасӣ аз рӯи тобеият ба дигар мақомоту ташкилоти дахлдор хабардор намоянд;
- муроҷиатро асоснок ва тибқи қонун ҳал намуда, иҷрои онро назорат намоянд;
- посух ба муроҷиат бояд бо забони давлатӣ ва ҳангоми мавҷуд будани дархост инчунин бо забоне, ки муроҷиат навишта шудааст, вобаста ба ҳар як масъалаи гузошташуда, бо асосноккунии тасдиқ ё рад намудани ҳолатҳои зикршуда ва бо назардошти меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба роҳбарӣ гирифта шудаанд, омода карда шавад;
- доир ба натиҷаи баррасии муроҷиат ба муроҷиаткунанда иттилоот диҳанд;
- тартиби шикоят намуданро ба муроҷиаткунанда нисбати натиҷаи баррасии муроҷиат (посух ба муроҷиат) фаҳмонида диҳанд;
- маълумотҳоро оид ба баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мунтазам таҳлил намуда, барои бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидаанд, тадбирҳо андешанд;
- уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намоянд.
Тазаккур бояд дод, ки муроҷиатҳои ба мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳодшуда дар давоми си рӯз ва муроҷиатҳое, ки омӯзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар муҳлати понздаҳ рӯз аз рӯзи ба қайд гирифта шуданашон баррасӣ карда мешаванд. Дар ҳолатҳои истисноӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор ҳуқуқ дорад муҳлати баррасии муроҷиатро ба муддати на зиёдтар аз сӣ рӯз тамдид намуда, дар ин хусус ба муроҷиаткунанда дар муҳлати се рӯз хабар расонад.
Муроҷиатҳои хаттие, ки ҳалли масъалаҳои дар он гузошташуда ба салоҳияти мақомот ва ташкилоти дахлдор мансуб нест, дар давоми се рӯз аз рӯзи ба қайд гирифтан ба мақомоту ташкилоти салоҳиятдоре, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиатҳо дарҷгардида ба тобеияти онҳо мансубанд, ирсол карда мешавад. Дар ин хусус муроҷиаткунанда ба таври хаттӣ огоҳ карда мешавад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Дар баробари ин, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани тартибу муҳлати баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷавобгарии маъмурӣ низ муқаррар кардааст.
Мувофиқи муқаррароти моддаҳои 87 ва 88 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ рад намудани баррасии муроҷиатҳо, бидуни сабабҳои узрнок риоя накардани тартибу муҳлати баррасии онҳо, қабул кардани қарори беасос, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидааст, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 2340 то 3120 сомонӣ) ҷарима таъин карда шудааст.
Ҳамчунин, барои саркашӣ аз додани маълумот ба шаҳрванд, ки бо тартиби муқарраргардида ҷамъоварӣ шудааст ва бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд дахл дорад ё саривақт надодани чунин маълумот, инчунин надодани дигар маълумот дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ё ба шаҳрванд додани маълумоти нопурра ё нодурӯст аз ҷониби шахси мансабдор ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 2340 то 3120 сомонӣ) ҷарима таъин карда шудааст.
Мувофиқи банди 9, қисми 1 моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» риоя накардани тартиби бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршудаи баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ба эътибор нагирифтани бартарӣ, имтиёзҳо ва навбати бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ҳангоми ҳалли онҳо, яке аз ҳуқуқвайронкуниҳои барои коррупсия шароит бавуҷудоваранда маҳсуб ёфта, барои содир намудани он аз ҷониби шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда, агар дар кирдори онҳо таркиби ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавҷуд набошад, ҷазои интизомӣ муқаррар карда шудааст.
Бо дарназардошти асосҳои қонунии овардашуда, мо хизматчиёни давлатиро зарур аст, ки муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки ба мақамоту ташкилоти дахлдор ворид мегарданд пурра, холисона ва дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои таъмини ҳифз, амалигардонӣ ва барқарорсозии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии муроҷиаткунандагон чораҳои дахлдор андешида, дар ягон маврид ба вайронкунии талаботи қонунгузорӣ дар самти баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ роҳ надиҳем.
Холзода Т.Б.
мудири бахши таъминоти ҳуқуқии Кумитаи
давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон