ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД Дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатӣ Ориф Хоҷазода бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии…
ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатӣ Ориф Хоҷазода бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Самиев ҷаласаи навбати ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2025 баргузор гардид.
Баъди шунидани ҳисоботи муовини Раиси Кумитаи давлатӣ Мирорвалӣ Сафармаҳмадзода оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ аз масъулин пурсиш намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастур супоришҳо дод.
Ҷаласаи ҳайати мушовара бо қабули қарорҳои дахлдор ба кори худ анҷом бахшид.