ҶАМЪОМАД ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗӢ Субҳи имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таъин гардидани Пирзода Диловар ҷамъомад…
ҶАМЪОМАД ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗӢ
Субҳи имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таъин гардидани Пирзода Диловар ҷамъомад баргузор гардид.
Ҷамъомадро Раиси Кумитаи давлатӣ Ориф Хоҷазода ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан Пирзода Диловар Атахон аз вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ озод гардида, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб таъин гардид.
Ориф Хоҷазода ба муносибати таъин гардидани Пирзода Д.А. ба вазифаи пурмасъулият номбурдаро муборакбод намуда, таъкид дошт, ки дар ин мансаби давлатӣ аз таҳти дил содиқона фаъолият карда, барои пешрафт ва ободу зебо намудани яке аз шаҳрҳои калонтарини ҷумҳурӣ саҳмгузор бошад.
Дар навбатӣ худ Диловар Пирзода барои бовару эътимод ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки зиёда аз 20 сол дар сохторҳои маҳаллӣ ва марказии Кумитаи давлатӣ фаъолият дошту маҳз дар ҳамин ниҳоди давлатӣ таҷриба андӯхт ва минбаъд низ таҷрибаву дониши худро барои пешрафту шукуҳоии кишвар равона хоҳад намуд.