Коррупсия як зуҳуроти хавфноки ҷамъиятӣ буда, ба рушди устувори давлат, иқтисод ва некӯаҳволии шаҳрвандон таъсири манфӣ мерасонад. Муқовимат ба ин падида танҳо бо талоши як ниҳод имконнопазир аст. Тибқи маълумоти мавҷуда, мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъона буда, мақомоти давлатӣ дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иштироки ҳар як шаҳрванди кишвар метавонанд ба паст шудани шиддати он мусоидат намоянд.
Дар ин самт тақозо мегардад, ки иштироки васеи ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар таҳия ва татбиқи барномаҳо ва нақшаҳои чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ таъмин карда шавад. Шарикии фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо сохторҳои давлатӣ танаффусҳои мавҷударо дар мубориза бо коррупсия кам карда, ба баланд бардоштани сатҳи масъулияти шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Дар замони рушди босуръати илм ва технология, интернет ба яке аз воситаҳои асосии паҳнсозии иттилоот табдил ёфтааст. Шумораи зиёди истифодабарандагони он имконият медиҳад, ки иттилооти зиддикоррупсионӣ хеле зуд ва фарогир паҳн гардад.
Аз ин рӯ, аз ҳамаи субъектҳои муқовимат ба коррупсия талаб карда мешавад, ки тарғибу ташвиқи зиддикоррупсиониро тавассути сомонаҳои расмии худ пурзӯр намоянд. Ин амал на танҳо ба баланд шудани сатҳи огоҳии мардум мусоидат мекунад, балки фазои шаффоф ва ҳисоботдиҳии бештарро дар ҷомеа ба вуҷуд меорад.
Дар раванди муқовимат ба коррупсия мақолаҳои омӯзишиву тарбиявӣ дар рӯзнома ва маҷаллаҳо нақши калидӣ доранд. Олимон, муҳаққиқон ва таҳлилгарон бояд мунтазам маводҳои илмӣ-оммавӣ нашр намуда, мардумро аз ҷузъиёти қонунгузории зиддикоррупсионӣ, масъулиятҳо ва оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳо огоҳ созанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷиноятҳои коррупсионии солҳои охир аз надонистани қонунгузории зиддикоррупсионӣ содир шудаанд. Норасоии маърифати ҳуқуқӣ шакли рафтори нодуруст ва ё беэҳтиётиро дар ҷомеа тақвият медиҳад. Аз ин сабаб, боло бурдани саводнокии ҳуқуқии мардум яке аз самтҳои муҳими пешгирӣ ба ҳисоб меравад.
Ба мақсад мувофиқ аст, ки бо роҳандозии чорабиниҳои тарғиботӣ, омӯзишӣ ва иттилоотӣ сатҳи маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ мунтазам бештар карда шавад. Ин тадбирҳо метавонанд шаҳрвандонро аз оқибатҳои коррупсия огоҳ созанд, ба онҳо роҳҳои қонунии ҳимояи ҳуқуқи худро омӯзанд ва дар ниҳоят ба паст кардани сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидат намоянд.
Илова бар ин, ҳамкории судманди мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, инчунин бо гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа фаъолияти муштаракро тақвият дода, заминаи устувори муборизаи дастаҷамъонаро фароҳам меорад.
Ҳадафи асосии пешгирӣ аз коррупсия — ташкили ҷомеаи шаффоф, одилона ва қонунманд мебошад. Дар ин раванд, иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, истифодаи муассири интернет ва нерӯи васоити ахбори омма аҳамияти калидӣ доранд.
Бо ҳамгироии кӯшишҳои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳар як фарди ҷомеа метавон сатҳи коррупсияро коҳиш дод ва барои рушди устувори давлату миллат заминаи боэътимод фароҳам овард.
Инчунин, тарғиби оммавии зиддикоррупсиони тариқи шабакаҳои интернетӣ дар як вақт иҷрои нақша-чорабиниҳои давлатиро таъмин менамояд.
Бояд қайд намуд, ки тибқи банди 48 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), банди 16 Нақшаи кории дохилиидоравии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 оид ба таъмини иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва банди 5 Нақшаи кории дохилиидоравии Корхонаи воҳиди давлатии “Фабрикаи харитасозӣ”-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 оид ба таъмини иҷрои “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои давраи то соли 2030 тарғиби ҳатмии омавии зиддикоррупсионӣ тариқи шабакаҳои интернетӣ пешбинӣ намудааст.
Аз ин рӯ, тарғиби ҳатмии омавии зиддикоррупсионӣ тариқи шабакаҳои интернетӣ дар баробари коҳиш додани амалҳои коррупсионӣ, инчунин уҳдадории ҳар як фард, ташкилоту муассиса ва мақомоти давлатӣ мебошад.