Иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни машварати корӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд санаи 19 ноябри соли ҷорӣ баён шуда буданд, истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ ва омодагӣ ба кишти зироатҳо, махсусан картошка ва пахта барои ҳосили соли 2026 аз масъалаҳои мубрам буданд, ки дар ҷараёни баргузории семинар-машварати дастурдиҳӣ бо иштироки муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо (сарпарастони соҳаи кишоварзӣ), раисони кумитаҳои идораи замин, директорони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, сардорони идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, раёсатҳои кишоварзӣ ва омор дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар семинари мазкур, ки дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатӣ Ориф Хоҷазода баргузор гардид, сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салим Салимзода ширкат намуд.
Ориф Хоҷазода таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифодаи самараноку оқилонаи замин таваҷҷуҳи махсус дошта, дар ҳар вохўриву баромадҳояшон вобаста ба ин масъала масъулинро вазифадор менамоянд.
Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ дар семинар-машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ноҳияи Данғара 17 майи соли ҷорӣ таъкид намуда буданд, ки “Мо бояд барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар кишвар тамоми тадбирҳои заруриро андешида, ҷиҳати кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода намоем.
Дар ин ҷода сохтору мақомоти дахлдор, соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кулли шаҳрвандони мамлакат вазифадоранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи обу замин, хусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, васеъ ва ҳатман ба роҳ мондани кишти такрориро таъмин намоянд”.
Яъне, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳар яки мо вазифадорем, дурнамои кишти зироатҳоро таъмин ва дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошем.
Сипас аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатӣ ва сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи соҳа, аз ҷумла истифодаи заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ, ҷараёни шудгори майдонҳо, кишти зироатҳои тирамоҳӣ, омодагӣ ба мавсими яхобомонӣ, тозакунии заҳбуру заҳкашҳо, ба кишт фаро гирифтани заминҳои холимонда, барқарор ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ пурра таҳлилу баррасӣ гардида, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин тибқи дурнамои тасдиқшудаи сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ барои ҳосили соли 2026 масъулин вазифадор гардиданд.