МАСЪАЛАИ ИҶРОИ ДУРНАМОИ КИШТИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРРАСӢ ГАРДИД Бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ва сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии…
МАСЪАЛАИ ИҶРОИ ДУРНАМОИ КИШТИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРРАСӢ ГАРДИД
Бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ва сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салим Салимзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷараёни омодагӣ барои иҷрои дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, махсусан картошка ва пахта барои ҳосили соли 2026 бо ширкати муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони мақомоти омор, кишоварзӣ, кумитаҳои идораи замин, идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, инчунин директорони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Дар оғоз таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузор намудани семинар-машварат иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самараноку оқилона истифода бурдани замин ва кишти зироатҳои кишоварзӣ тибқи дурнамои тасдиқшуда мебошад.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар якҷоягӣ бо сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи истифодабарии замин, ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, мувофиқи дурнамои тасдиқгардида кишт намудани зироатҳои кишоварзӣ, ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин, қарздорӣ аз истифодаи оби полезӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳои байнихоҷагӣ ва дохили хоҷагӣ, самаранок истифода намудани заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаро мавриди таҳлил қарор дода, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта масъулинро вазифадор намуданд.
Зимнан, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон муваззаф гардиданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гуруҳҳои кории байниидоравӣ бо сарпарастии муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, ки ба он бояд роҳбарони мақомоти омор, кишоварзӣ, кумитаҳои идораи замин, идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони масъул шомил гарданд, таъсис дода, дурнамои кишти зироатҳоро барои ҳосили соли 2026 “Шакли ягонаи маълумот оид ба дурнамои кишти зироатҳо”-ро ба заминистифодабаранда дастрас намоянд.
Дастуру супоришҳои дигар ҳамчунин вобаста ба истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, махсусан заминҳои корами обӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои холимондаву партов, риояи агротехники кишти зироатҳои кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо дода шуданд.