ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗӢ Таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсатаи кишоварзӣ ва…
ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗӢ
Таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсатаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салим Салимзода иштирок намуд.
Нахуст муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Мирзовалӣ Сафармаҳмадзода оид фаъолияти Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳисобот дод.
Қайд гардид, ки ҷаласа оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар рўзҳое баргузор шуда истодааст, ки чанд рўз қабл чорабиниҳои муҳими байналмиллалӣ дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор гардид, ки он дар боло бардоштани мавқеъ ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳон мусоидат намуд ва бо медали “Барои хизматҳо дар рушди ҳамкориҳои башардўстона” қадршиносӣ гардидани Пешвои муаззами миллат далели гуфтаҳои боло мебошанд.
Аз ҷумла, дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия Созишнома оид ба ҳамкорӣ бо мақсадҳои рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расид, ки барои рушди ҳамкориҳои минбаъда заминаи хуб фароҳам овард.
Умуман дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ бо воқеаи руйдодҳои муҳим дар китоби таърихи давлатдории тоҷикон сабт гардида, дар ин давра кулли кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаву хирадмандонаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳлона меҳнат намуда, бо вуҷуди ҷой доштани баъзе камбудиҳои ислоҳшаванда ба мувафаққиятҳо ноил шуданд.
Зикр гардид, ки дар ин давра аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал 10730 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, барои бартараф намудани ҳолати ошкоргардида 9740 дастур ва нисбати 9438 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба мабла ғи 5625481 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд, ки аз ин 4526080 сомонӣ ё 80% ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст.
Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 873 мавод ба прокуратура ва 581 адад ба Иҷрочиёни хадамоти иҷро ирсол карда шуда, дар маҳал 7287 (68%) ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шудааст.