РАИСИ КУМИТАИ ДАВЛАТӢ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТРО БО ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТАБРИК НАМУД Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашўри собиқадорони меҳнати Кумитаи давлатиро, ки солҳои тўлонӣ дар соҳа фаъолият…
РАИСИ КУМИТАИ ДАВЛАТӢ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТРО БО ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТАБРИК НАМУД
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашўри собиқадорони меҳнати Кумитаи давлатиро, ки солҳои тўлонӣ дар соҳа фаъолият намуда, айни ҳол дар нафақа ҳастанд, бо солагарди навбатии Истиқлоли давлатӣ муборакбод намуд.
Чорабинии мазкур дар бинои маъмурии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ баргузор гардид.
Хоҷазода Ориф Ашўрӣ зимни табрикоти худ собиқадорони меҳнатро бо ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ шодбош намуда, таъкид дошт, ки маҳз туфайли сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик бо шукргузорӣ аз сулҳу осоиши сартосарӣ ин ҷашни умумиллирро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.
Дар ин замина зикр гардид, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҳамчун мақоми ваколатдорӣ давлатӣ дар соҳаи заминсозӣ, геодезӣ, харитасозӣ ва бақайдгирии молу мулкуи ѓайриманқул бори нахуст баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон таъсис гардида, инак қарид 30-сол аст, ки фаъолияти пурсамар дорад.
Дар пешрафти кори Кумитаи давлатӣ собиқадорони меҳнат саҳми арзанда гузошта, барои татбиқи сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат фаъолона ширкат менамоянд.
Дар навбати худ собиқадарони меҳнат барои тавҷҷӯҳу ғамхорӣ нисбати онҳо изҳори миннатдорӣ намуданд.
Чорабинӣ бо тақдими туҳфаҳои хотиравӣ ба собиқадорони меҳнат ҳусни анҷом ёфт.