ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ 9-уми сентябри соли 2025 дар саросари Тоҷикистон, аз ҷумла, дар ноҳияи Рӯдакӣ 34-солагии Истиқлоли давлатиро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд. Чорабинии тантанавии таҷлил аз 34-солагии…
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ
9-уми сентябри соли 2025 дар саросари Тоҷикистон, аз ҷумла, дар ноҳияи Рӯдакӣ 34-солагии Истиқлоли давлатиро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд.
Чорабинии тантанавии таҷлил аз 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ субҳи барвақт бо баргузории намоиши ҳунар ва дастовардҳо, роҳпаймоии идона ва барномаи фарҳангӣ оғоз шуд.
Дар тантанаҳои идона Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон - роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ориф Хоҷазода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода, инчунин занону ҷавонони фаъол, собиқадорон ва сокинону меҳмонони ноҳия ширкат варзиданд.
Дар наздикии ҷашнгоҳ аз ҷониби ҳунармандони ноҳия намунаи беҳтарин ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ба намоиш гузошта шуда буд, ки иштирокчиён аз он дидан карданд.
Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода низ ҳозиринро ба ин рӯзи пурифтихор ва тантанавӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ин рӯзро ҳамчун яке аз руйдодҳои муҳим дар таърихи давлатдории миллӣ арзёбӣ кард.
Қайд гардид, ки истиқлолият ба миллати тоҷик имконияти воқеӣ дод, то соҳибтақдир бошад ва роҳи рушду пешрафти хешро мустақилона интихоб намояд.
Сипас созу наво ва барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ дар иҷрои ҳунармандон манзури иштирокдорон ва тамошобинони ҷашн гардонида шуд, ки муҳтавои онро васфи Истиқлолу озодӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстиву иттиҳоди халқ ташкил дод.
Сорабинии тантанавӣ ба муносибати ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷамъбаст гардид.
Акс ва матн аз рӯзномаи
"Насими айём"-и ноҳияи Рудакӣ