ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ҶОНИБИ ГУРӮҲИ КОРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. Санаи 05.02.2026 дар толори…
ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ҶОНИБИ ГУРӮҲИ КОРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК.
Санаи 05.02.2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик вохӯрӣ оиди шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 16.12.2025 ироа гардида буд, бо иштироки муовини идеологии раиси ноҳияи Темурмалик Айниддин Аслиддин, Сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, Подполковники адлия Олимзода Мансур Абдухолик ва нозири калони ҳамин шуъба Раҳимзода Шералӣ ва дигарон баргузор гардид.
Нахуст ҷаласаро муосини идеологии раиси ноҳия ифтитоҳ намуда меҳмонону ҳозиринро ба толор хӯшомадед намуд.
Зимни баромад меҳмонон ибрози андешаҳои хеш дар бораи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Зикр гардид, ки маҳз тавассути ироаи Паём аз ҷониби Сарвари давлат ҳадафгузории мушаххас ҷиҳати таҳкими ваҳдату ягонагӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ба роҳ монда шуда, механизмҳои муассири татбиқи амалии ҳадафҳои мазкур пешниҳод карда мешаванд ва баҳри ҳамоҳангии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ дар самти ҳифзи манфиатҳои миллию татбиқи ҳадафҳои стратегӣ заминаи мусоид фароҳам месозанд.
Дар идома оид ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва санаду меъёрҳои соҳавӣ суханронӣ карда шуд.
Дар охир миёни меҳмонон ва аҳли толор саволу ҷавоб баргузор гардид.