Дар арафаи соли нави таҳсил дар шаҳри Исфара ба 36 нафар кӯдакону наврасони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим карда шуд.
Ин иқдоми хайрхоҳона бо мақсади дастгирии иҷтимоии кӯдакону наврасон амалӣ гардида, боиси хушҳолии хонандагон гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни супоридани либосҳои мактабӣ таъкид кард, ки ғамхорӣ ба ятимони кул ва дастгирии фарзандони оилаҳои ниёзманд таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ин қишри ҷомеа пайваста дастгирӣ карда мешаванд.
Ба наврасон тавсия дода шуд, ки аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода бурда, бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд, илму дониш ва ҳунарҳои замонавиро аз худ карда, забонҳои хориҷиро омӯзанд ва дар оянда ҳамчун фарзандони сазовори миллат барои ободии Ватан саҳм гузоранд.
Ҳамчунин, ба масъулини соҳаи маориф ҷиҳати таҳкими корҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар байни насли наврас дастурҳои зарурӣ дода шуд.