General informationШуъбаи назорати давлатӣ оид ба ҳолат ва истифодаи воситаҳои ченаки Раёсати таъминоти метрологӣ яке аз сохторҳои марбутаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Шуъбаи мазкур дар раванди фаъолияти худ аз рӯи дастурҳои зерин ба монанди - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Тоҷикстандарт амал менамояд.