Нимаи дуюми рӯзи 29 сентябри соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия раиси ноҳияи Шаҳринав, раиси…
Нимаи дуюми рӯзи 29 сентябри соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия раиси ноҳияи Шаҳринав, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, масъулини ташкилоту муассисаҳо ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иштирок намуданд.
Дар иҷлосия масъалаҳои муҳими вобаста ба рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фаъолияти мақомоти маҳаллӣ, риояи қонунҳо, ҳифзи амвол ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мувофиқи рӯзномаи иҷлосия, 6 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
Оид ба рафти иҷрои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030,
Оид ба рафти амалигардонии Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027,
Ҳисоботи Комиссияи оид ба риояи қонунҳо, ҳифзи амвол ва тартиботи ҷамъиятӣ,
Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба фаъолияти вакилӣ,
Ҳисоботи Комиссияи ноҳиявӣ оид ба эътибор соқит намудани воситаҳои асосӣ ва ба ихтиёри давлат додани амвол, вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011, №537 ва қарори раиси ноҳия аз 3 августи соли 2022, №380,
Тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Шаҳринав аз 29 июни соли 2026 то 29 сентябри соли 2026.
Аз рӯи масъалаҳои рӯзнома вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баромад намуда, масъалаҳои мавриди баррасиро ҳамаҷониба муҳокима карданд.
Дар рафти иҷлосия ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф, татбиқи барномаҳои давлатӣ, истифодаи самараноки замин ва чарогоҳҳо, риояи қонунгузорӣ, ҳифзи амволи давлатӣ, фаъолияти вакилон ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда шуд.
Дар охир аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.