Санаи 28-уми июли соли 2026 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нишасти матбуотӣ бахшида ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумита, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, муассисаҳои зертобеъ, инчунин доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар оғози нишаст, аз ҷониби раиси Кумита Султон Раҳимзода оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 гузориши муфассал тариқи рӯнамо пешниҳод карда шуд.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ роҳбарияти Кумита ба саволҳои сершумори хабарнигорони воситаҳои ахбори омма ҷавобҳои муфассал пешниҳод намуд. Мавзӯъҳои баррасишуда доираи васеи масъалаҳои вазъи иқтисодию иҷтимоии кишварро дар бар гирифтанд, аз ҷумла:
Дар анҷоми нишаст раиси Кумита Султон Раҳимзода аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии Кумитаро барои ҳамкории минбаъда бо расонаҳо ва пешниҳоди иттилооти саривақтию боэътимод оид ба фаъолияти сохтор таъкид кард.