ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МАРКАЗИ МАШВАРАТӢ ВА ОМОДАГИИ ПЕШ АЗ САФАРИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ
https://www.facebook.com/share/p/19aUpdwCch/
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар назди Хадамоти муҳоҷират бинои дар гузашта нообод пас аз таъмиру азнавсозӣ бо иштироки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ба истифода дода шуд. Дар бинои мазкур МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” ва филиали Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷойгир карда шуданд.
Бинои наву замонавӣ аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои баргузории машғулиятҳои таълимӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ ва касбомӯзӣ бо шароити зарурӣ ва таҷҳизоти муосир таъмин карда шудааст.
Дар ошёнаҳои якум ва дуюм чор синфхонаи таълимӣ ҷойгир буда, барои шаҳрвандоне, ки ният доранд ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар намоянд, курсҳои омодагии пеш аз сафар ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил карда мешаванд. Аз ҷумла, омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ ва кореягӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар раванди омодагӣ ба шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби бастани шартномаи меҳнатӣ, талаботи қонунгузорӣ, қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар кишварҳои қабулкунанда маълумоти зарурӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон, ба онҳо оид ба фарҳанг, урфу одат, анъана ва меъёрҳои рафтори кишварҳои қабулкунанда маълумот дода мешавад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Марказ омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад. Ин имконият ба шаҳрвандон мусоидат менамояд, ки пеш аз сафар малакаҳои зарурии забондонӣ ва муоширатиро такмил дода, барои фаъолияти меҳнатӣ дар муҳити нав омодагии бештар дошта бошанд.
Дар баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар МД “Филалиали Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе” омӯзиши касбҳои мавриди талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар ин ҷо касбҳои дӯзанда, пешхизмат, заргар ва дигар касбу ҳунарҳои талаботдошта омӯзонида мешаванд.
Ин тадбир барои баланд бардоштани рақобатпазирии шаҳрвандон дар бозори меҳнат ва фароҳам овардани имкониятҳои нави шуғл мусоидат хоҳад кард.
Бо ҷойгир намудани ду муассисаи соҳавӣ дар як бино барои шаҳрвандон имконият фароҳам омадааст, ки хизматрасониҳои машваратӣ, омодагии пеш аз сафар, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзиро дар як ҷо дастрас намоянд.
Чунин шакли хизматрасонии мутамарказ имкон медиҳад, ки шаҳрвандон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар бо дониш, малака ва маълумоти зарурӣ омодагии ҳамаҷониба бинанд.
Мавриди зикр аст, ки омодагии дурусти шаҳрвандон пеш аз сафар яке аз омилҳои муҳими пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва таъмини фаъолияти қонунии онҳо ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, фаъолияти МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва омодагии касбии шаҳрвандон аҳамияти муҳим дорад.