БАРРАСИИ ГУНОГУНСАМТӢ ВА САФАРБАРИИ МУТАШАККИЛОНАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ
https://www.facebook.com/share/p/1ECKGY7kfd/
21 августи соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазир Холмаҳмадзода Солеҳа ҷаласаи Ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур аъзои Ҳайати мушовараи вазорат, сардорон ва кормандони масъули воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он, инчунин аз рӯйи масъалаи рӯзнома роҳбарон ва кормандони масъули сохторҳои Хадамоти муҳоҷират, аз ҷумла МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, инчунин МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» ва роҳбарони филиалҳои он дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар ҷаласа гузориши сардори раёсати муҳоҷирати аҳолӣ Хуршед Мазориев «Дар бораи гуногунсамтӣ (диверсификатсия) ва муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар соли 2025 ва 7 моҳи соли 2026» шунида шуд.
Зимни баррасии масъала вазъи сафарбаркунии муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар, тавсеаи самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба бозорҳои нави меҳнат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Ҳамчунин, фаъолияти субъектҳои хоҷагидори интиқолдиҳандаи қувваи корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати тақвияти фаъолияти онҳо таклифҳо пешниҳод шуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа доир ба масъалаи баррасишуда қарори дахлдор қабул гардида, ба масъулини сохторҳои марбутаи вазорат ҷиҳати тақвияти корҳои гуногунсамтӣ, сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва густариши ҳамкориҳо бо мақомоти дахлдори давлатҳои қабулкунандаи қувваи корӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.