МУЛОҚОТИ БО НАМОЯНДАИ БОНКИ ОСИЁИ РУШД СОФИЯ ШАКИЛ
https://www.facebook.com/share/p/18Diwby47R/
Санаи 19 августи соли 2026 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶумҳурииТоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо директори гурӯҳи департаменти Осиёи Марказӣ, Ғарбӣ ва Шарқӣ, дафтари бахши рушди инсонӣ ва иҷтимоӣ, департаменти гурӯҳҳои соҳавии Бонки Осиёии Рушд София Шакил мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои татбиқи Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ», ки бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд амалӣ гардидаистодааст, инчунин дурнамои идомаи ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.
Қайд шуд, ки ҳамаи 6 маркази дар доираи лоиҳаи мазкур бунёдшуда бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда, самаранок фаъолият намуда истодаанд. Дар мулоқот саҳми Бонки рушди Осиё дар рушди таҳсилоти касбӣ, малакаҳои касбӣ ва шуғли аҳолӣ баланд арзёбӣ гардид.
Таъкид гардид, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти марказҳо рушди низоми таълими касбӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим дар асоси салоҳият ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзишу такмили малакаҳои касбии шаҳрвандон мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ, инчунин марказҳои рушди малакаҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва ноҳияи Данғара бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, барои омӯзиши касбҳои афзалиятнок ва рушди малакаҳои касбии шаҳрвандон имкониятҳои нав фароҳам оварда шудаанд.
Дар ин марказҳо курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат, эътирофи салоҳияти касбӣ ва рушди малакаҳо дар асоси методологияи нави таълим дар асоси салоҳият амалӣ мешавад Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба идомаи ҳамкориҳо дар самти рушди таълимоти касбӣ, баланд бардоштани сатҳи малакаҳои касбии шаҳрвандон, тавсеаи имкониятҳои бокортаъминшавӣ ва татбиқи ташаббусҳои нав табодули афкор намуданд.
София Шакил аз сатҳи ҳамкории мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии Бонки Осиёии Рушдро барои идомаи ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои афзалиятноки рушди сармояи инсонӣ, малакаҳои касбӣ ва шуғли аҳолӣ таъкид намуд.