ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ РАҚАМИКУНОНИИ ФАРОГИРИ СОҲАИ МЕҲНАТ ТАВАССУТИ ҶОРӢ НАМУДАНИ НИЗОМИ КЭДО ХАБАР МЕДИҲАД
https://www.facebook.com/share/p/1BTVjd9eLE/
Санаи 17 июли соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рақамикунонии идоракунии давлатӣ, ҷиҳати оғоз бахшидан ба раванди ҷорӣ намудани низоми «Коргузории электронии кадрӣ» (КЭДО) хониши идоравӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовини якуми вазир -Каримзода Н.С., муовини вазир – Ашурализода А. сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, директори генералии ширкати «Ayon Smart Solution» -А. Бобоев ва мутахассисону кормандони техникии ширкати мазкур иштирок намуданд. Баргузории хониши идоравиро муовини якуми вазир – Н.С.Каримзода оғоз бахшид. Лоиҳаи чорабинии мазкур бо дастгирии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Низоми КЭДО дар баробари воситаи автоматикунонии сабти кадрҳо аввалин барномаи «кули маълумот» (data lake)-и воқеан фаъол дар кишвар аст, ки муттаҳидсозӣ, тасдиқ ва хониши мошинии маълумотро таъмин менамояд. Ин тартиби технологӣ барои портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ омили муосид фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки аз ҷадвалҳои пароканда ба меъмории рақамии шаффоф ва идорашаванда гузарем.
Гузариш ба формати рақамии идоракунӣ имкон медиҳад, ки таҳлилҳо дар вақти воқеӣ гузаронида шаванд, хароҷоти маъмурӣ коҳиш дода, шаффофияти маълумот таъмин карда шавад, ки барои расидан ба ҳадафҳои рақамикунонӣ омили калидӣ мебошад.
Истифодаи воситаҳои зеҳни сунъӣ (ИИ) дар барномаи мазкур имкон медиҳад, ки ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо саҳву хатоҳо пешакӣ ошкор карда шаванд, муҳлати тасдиқи собиқаи корӣ аз чанд ҳафта ба як соат коҳиш ёбад ва ҳамгироӣ бо реестрҳои давлатӣ таъмин гардад.
Корбарии лоиҳаи мазкур идома дошта, дар сурати пурра мавриди амал қарор гирифтани он як қадами ҷиддӣ дар роҳи истифодабарии технологияҳои рақамӣ фароҳам хоҳад омад.