ОМӮЗИШИ ИДОРАВӢ ДАР МАВЗУИ: ПЕШГИРИИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ (ВНМО) ВА ДИГАР БЕМОРИЊОИ СИРОЯТИИ МАРГОВАР
https://www.facebook.com/share/p/1ATgqhdgpU/
Санаи 17 июли соли 2026 дар доираи нақшаи омӯзишҳои идоравӣ вобаста ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва дигар беморињои сироятии марговар бо ҷалби мутахассисони соҳа хониши идоравӣ баргузор гардид.
Дар омўзиши идоравии мазкур муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Норзода Ш.С. мудири шуъбаи назорати эпидемиологии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ва гепатитҳои парентералии вирусӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Раҳматуллоев С. ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.
Дар омӯзиши идоравӣ мутахассиси соҳа доир ба вазъи ҷаҳонии ВНМО, таърих, паҳншавӣ, марњилањо, оғози эпидемия, муътадилшавӣ дар байни гуруњњои калидї, инкишофи фаъоли вирус ва роҳҳои пешгирии он изҳори ақида намуданд.
Ҳамзамон, Раҳматуллоев Сафаралӣ қайд намуд, ки айни замон, интиқоли иҷтимоӣ афзоиш меёбад - афзоиши ҳиссаи ҳолатҳои сироятёбӣ аз алоқаи ҷинсӣ ва муҳоҷират талаб мекунад, ки талошҳои васеътари пешгирӣ дар байни аҳолӣ анҷом дода шаванд.