МАЪРИФАТ БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОӢ: РОҲИ УСТУВОРИ ҲИФЗИ СУЛҲУ АМНИЯТИ ҶОМЕА
https://www.facebook.com/share/p/1D2Exj6oGJ/
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои нави амниятӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Аз ҷумла, терроризм ва экстремизм аз мушкилоти ҷиддие мебошанд, ки метавонанд ба сулҳу субот, рушди иқтисодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардум таъсири манфӣ расонанд.
Аз ин рӯ, пешгирии ин падидаҳо танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки рисолати тамоми ҷомеа мебошад.
Яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротӣ паст будани маърифати ҳуқуқӣ, динӣ ва сиёсӣ, инчунин бепарвоӣ нисбат ба масъалаҳои ҷомеа мебошад. Шахсе, ки соҳиби дониши кофӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва тафаккури интиқодӣ аст, ба таблиғоти ифротгароён камтар дода мешавад. Аз ҳамин хотир, рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи асосии паҳн кардани иттилоот табдил ёфтаанд. Дар баробари истифодаи мусбати онҳо, баъзе гурӯҳҳои ифротӣ кӯшиш мекунанд тавассути интернет ғояҳои худро паҳн намуда, ҷавононро гумроҳ созанд. Аз ин рӯ, ҳар як истифодабаранда бояд ҳангоми мутолиаи хабарҳо ҳушёр бошад, манбаи маълумотро санҷад ва ба овозаҳо ё даъватҳои шубҳанок бовар накунад.
Оила дар ташаккули шахсияти фарзанд нақши ҳалкунанда дорад. Муҳити солими оилавӣ, муносибати нек, тарбияи ахлоқӣ ва назорати оқилонаи волидайн метавонад ҷавононро аз таъсири ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорад. Ҳамзамон, муассисаҳои таълимӣ бояд дар баробари омӯзиши фанҳо, ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва фарҳанги таҳаммулпазириро низ хонандагонро тарбия намоянд.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, зиёиён ва фаъолони ҷомеа низ дар пешгирии терроризм ва экстремизм саҳми муҳим доранд. Баргузории вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳо ва маъракаҳои иттилоотӣ метавонад сатҳи огоҳии мардумро баланд бардорад ва онҳоро аз хатарҳои ифротгароӣ огоҳ созад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм сиёсати устуворро пеш мебарад. Қонунгузории кишвар барои пешгирӣ ва мубориза бо ин ҷиноятҳо заминаи ҳуқуқии мустаҳкам фароҳам овардааст. Ҳамзамон, ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ дар мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ низ аҳамияти калон дорад.
Мо бояд дарк намоем, ки сулҳу оромӣ неъмати бузург аст ва ҳифзи он аз ҳар як шаҳрванд масъулият талаб мекунад. Агар ҳар як инсон дар ҷомеа ба қонун эҳтиром гузорад, дониш омӯзад, ба корҳои созанда машғул шавад ва фарзандони худро дар рӯҳияи инсондӯстӣ тарбия намояд, имконияти паҳншавии ғояҳои ифротӣ хеле коҳиш меёбад.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм пеш аз ҳама мубориза барои ҳифзи ҳаёт, сулҳ ва ояндаи ҷомеа мебошад. Маърифат, фарҳанг, таҳаммулпазирӣ, ваҳдати миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ сипари боэътимод дар муқобили ҳар гуна ифротгароӣ мебошанд.
Танҳо бо муттаҳидии давлат ва ҷомеа метавон амнияти пойдор ва рушди устувори кишварро таъмин кард.
Давлатзода Меҳроҷиддин Сафаралӣ
Сармутахассиси Раёсати баҳисобгирии муҳосибӣ