БОЗДИД ВА МУЛОҚОТҲОИ СУДМАНД ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ https://www.facebook.com/share/p/18xpQay7KH/ Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Корея Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода як қатор мулоқоту боздидҳои…
БОЗДИД ВА МУЛОҚОТҲОИ СУДМАНД ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ
Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Корея Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода як қатор мулоқоту боздидҳои муҳимро бо намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахши хусусии Ҷумҳурии Корея анҷом дод. Дар ҷараёни сафар аз Федератсияи саноати Корея, Федератсияи соҳибкории хурд ва миёнаи Корея, Маркази ҷаҳонии мубодилаи дониш ва рушд, Осорхонаи миллии таърихи муосири Корея, Агентии пешбурди тиҷорат ва сармоягузории Корея (KOTRA) ва як қатор корхонаҳои саноатӣ боздид ба амал оварда шуд. Вазири меҳнатро дар ин сафар сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии вазорат Мазориев Хуршед ҳамроҳӣ намуд.
Зимни мулоқот бо роҳбарияти Федератсияи соҳибкории хурд ва миёнаи Корея масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби корфармоёни кореягӣ барои интихоби қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсеаи робитаҳо дар самти омодасозии мутахассисони рақобатпазир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки Федератсияи мазкур яке аз ниҳодҳои бонуфузи иқтисодии Ҷумҳурии Корея ба шумор рафта, ҷиҳати рушди соҳибкории хурд, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, дастгирии истеҳсолкунандагон ва ҳифзи манфиатҳои ширкатҳои хурду миёна, инчунин дастгирии молиявӣ, омӯзиш ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ фаъолият менамояд. Дар мулоқот бо роҳбарият ва намояндагони Федератсияи мазкур масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди соҳибкорӣ, дастгирии истеҳсолот, омодасозии кадрҳои техникӣ ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои амалӣ ва роҳандозии ташаббусҳои муштарак таъкид намуданд.
Дар доираи сафар ҳайати Тоҷикистон аз корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи нассоҷӣ ва рангбарорӣ боздид намуда, бо фаъолияти истеҳсолӣ ва шароити меҳнатии онҳо шинос гардиданд. Ба роҳбарияти корхонаҳо оид ба имкониятҳои иқтисодӣ ва захираҳои меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.