ҲАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ ҶАВОНОН ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН https://www.facebook.com/share/p/18iSnDkMFi/ Санаи 20 майи соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши дастовардҳои…
ҲАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ ҶАВОНОН ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
https://www.facebook.com/share/p/18iSnDkMFi/
Санаи 20 майи соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши дастовардҳои ҷавонони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи кор ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои давлатии назди вазорат иштирок намуданд.
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангинмурод меҳмонон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанберо, ки даъват шуда буданд, истиқбол гирифта, нахуст бо фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” шинос шуда, аз рафти машғулиятҳо дар синфхонаҳо дидан намуданд.
Норзода Шариф зимни суханронии худ қайд намуд, ки боиси сарфарозӣ ва саодати бузург аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷавононро ҳамчун неруи фаъол ва пешбарандаи ҷомеа арзёбӣ менамоянд.