Ваҳдати миллӣ ва рукни устувории он
Аҳли ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 27 июни соли 1997, санаи рӯйдоди бузургро, ки дар таърихи минбаъдаи мардумамон оғози гардиши куллӣ ва таҳаввули бунёдӣ гардид, ҷашн мегирад. Маҳз дар ин рӯзи таърихӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва ба ҷанги бародаркуши байни фарзандони як миллат хотима гузошт.
Расидан ба ин рӯзи саид кори осон набуд, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди аз байн рафтани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҳамчун давлати навбунёд бар асари тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ ва майдоншиниҳо, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд, дар як вазъи нобасомон қарор дошт.
Зиндагии осоиштаи мардум дар натиҷаи низоъҳои мусаллаҳона халалдор гардида буд ва онҳо маҷбур буданд дар бисёр кишварҳо гуреза шаванд. Хушбахтона, моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид ва дар ин иҷлосияи таърихӣ вакилони мардумӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд.
Пешвои раиятпарвари миллат он замон дар муроҷиати хеш ба халқи тоҷик бо қатъият изҳор карда буданд: «То даме ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурӯъ накунем, ҳеч гуна кӯмаку мусоидатҳои кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад. То охирин гурезаҳои иҷбориро ба ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам. Тамому донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии ватани азизамон содиқона меҳнат мекунам».
Маҳз бо хоҳиш ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлати тоҷикон музокироти сулҳи тоҷикон шурӯъ шуд. Гуфтушунидҳо бо мухолифон дар Афғонистон, Эрон, Русия, Покистон натиҷаи дилхоҳ доданд ва 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Бояд эътироф намуд, ки маҳз сиёсати оқилона, дурандешӣ, садоқат ва сулҳхоҳии Пешвои миллат боис шуд, ки моҷароҷуиву нофаҳмоиҳо дар кишварамон хомӯш гардиданд, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шуданд. Имрӯзҳо ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва теъдоди зиёди мамлакатҳои ҷаҳон гардидааст. Ваҳдати миллӣ шукуфоии ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя ва рушди бемайлони он таъмин карда мешавад.
Созишномаи сулҳ ба сарзамини мо суботи воқеиро фароҳам овард. Бо имзои он қариб як миллион нафар гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан баргардонида шуда, хонаву дарашон обод гардид ва пайвастани онҳо ба зиндагии орому осоишта таъмин карда шуд. Имрӯз мардуми кишвар ба фардои дурахшони рӯзгори худ ва ояндаи неки Ватани худ эътимоди қавӣ дорад.
Ваҳдати миллӣ барои рушду тақвияти тамоми соҳаҳои мамлакат имконият фароҳам овард ва Тоҷикистони имрӯза дар раванди рушди кулли соҳаҳои хеш қарор дорад. Ҳамзамон, Ваҳдати миллӣ ҳамчун поягузори сулҳу суботи мо, тоҷикон, дар арсаи байналмилалӣ обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро баланд бардошт ва нуфузу мавқеи Ватанамон дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳким ёфт. Айни замон таҷрибаи сулҳи мо мавриди дастгирӣ, омӯзиш ва истифодаи башарият гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сарвари раиятпарвар, дурандеш ва сулҳофар эътироф гардидааст, бо дарназардошти вазъи печидаву нобасомони ҷаҳони муосир, таъкид месозанд: “Вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди равшандилу солимфикр ва бонангу номуси Тоҷикистон аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллии ба қимати ниҳоят гарон бадастомадаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Инчунин, вазифаи муқаддаси мост, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллиамонро ҳамеша таблиғу ташвиқ намоем, ба насли ҷавон фаҳмонем, ки он дар кадом шароит, бо чӣ мушкилот ва бо чӣ гуна қурбониҳо ба даст омадааст. Зеро фақат аз ҳамин тариқ мо роҳи худро ба сӯи эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ идома бахшида, ба хотири рушди минбаъдаи кишвари азизамон қадамҳои устувор гузошта метавонем ва дар шароити пурихтилофу пуртазоди ҷаҳони имрӯза фақат аз ҳамин тариқ симо ва мақоми арзандаи худро нигоҳ дошта метавонем.”
Бояд таъкид намуд, ки яке аз роҳҳои асосии ҳифзи Ваҳдати миллӣ, ин мунтазам ва суботкорона боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии хурду бузурги аҳли ҷомеа ва дар ин замина устувор гардонидани рафтори ҳуқуқии кулли онҳо маҳсуб меёбад.
Аз диди олимони ҳуқуқшинос, раванди тақвиятбахшии маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон татбиқ намудани тадбирҳои зайлро тақозо дорад:
- дар барномаи таълимии тамоми сатҳҳои муассисаҳои таҳсилотӣ ворид намудани омӯзиши фанҳои ҳуқуқшиносӣ;
- тақвият бахшидани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;
- дастраси аҳолӣ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;
Дар пайванд бо раванди тақвиятбахшии маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус наврасон ва ҷавонон, нуктаи басо муҳим ва ҷоизи қайд кардан мебошад. Маърифати ҳуқуқӣ бояд тавлидгари рафтори ҳуқуқӣ бошад. Яъне, тарғибу ташвиқкунандагони маърифати ҳуқуқӣ ва ашхоси тарбиятгар бояд худашон тарбият гирифта бошанд. Яъне, рисолати масъулини таълиму тарбияи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон дар раванди иҷрои вазифаи хеш фақат ба донистани муқаррароти қонунгузорӣ такя накунанд. Онҳо бояд дорои рафтори устувори ҳуқуқӣ дар муносибат бо дигарон бошанд ва шогиддони хешро ба рафтори ҳуқуқӣ ҳидоят намоянд.
Ҳамин тариқ, маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои маззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва сулҳу ваҳдат пойдор аст. Мо - тоҷикону тоҷикистониён бояд дар атрофи Сарвари дурандеши худ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо меҳнати софдилонаю содиқонаамон ватани азизамон Тоҷикистонро обод гардонем.
Каримзода Насим Самиҷон
Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон