Таъкид шуд, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз ҳамасола таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомат ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ таҷлил мегардад. Зеро он ибтидои дигаргуниҳои бунёдӣ, ташаббусҳои созанда, омили муттаҳидкунандаи халқу миллат дар даврони нави таърихӣ маҳсуб гардида, заминагузори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат хеле бамаврид таъкид намудаанд: "Аз ҷониби хурду бузурги мамлакат бо шукӯҳу шаҳомат ва бо хушҳоливу хурсандӣ таҷлил гардидани ҷашни истиқлол нишонаи возеҳу равшани он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри озодиву соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва ба таърихи пурифтихор, тамаддуни бостонӣ, забон, фарҳанг, расму оинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худ ҳамчун арзишҳои бебаҳову ҷовидонӣ эҳтирому арҷ мегузоранд."
Маҳз бо баракати истиқлоли давлатӣ кишвари тозаистиқлоламон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардид ва ба узвияти бузургтарин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд.
Аз ин лиҳоз, истиқлолу озодӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон арзиши бебаҳо ва сарчашмаи бахту саодат ба ҳисоб рафта, ҳар кадоми моро водор менамояд, ки бо шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо дар ҳифзу ҳимоя ва гиромидошти арзишҳои он пайваста кӯшиш намоем.
Сипас, муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким
Холиқзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз вазъи хизмати афсарону аскарон аз наздик шинос гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки дар дигар қисмҳои низомии шаҳри Хуҷанд низ бахшида ба Рўзи Истиқлолият барои сарбозону афсарони далеру шуҷои Ватан дастархонаи идона густурда шуд.