18 июли соли 2026 дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо намояндагони IT-диаспораи тоҷикон баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ташкил карда шуд.
Дар оғози мулоқот муовини якуми сардори Хадамоти алоқа - Парвиз Нориён ба иштирокчиён рӯнамоеро оид ба вазъи кунунӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва дурнамои рушди соҳаи алоқа ва инфрасохтори рақамии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Зимни рӯнамо самтҳои афзалиятноки соҳа ва имкониятҳои иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ дар татбиқи лоиҳаҳои технологӣ муаррифӣ гардиданд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо мутахассисони тоҷики муқими хориҷи кишвар, ҷалби дониш, таҷриба ва имкониятҳои касбии онҳо ба рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва инфрасохтори рақамии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, доир ба ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи технологияҳои рақамӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар идомаи чорабинӣ суҳбати озод баргузор шуда, иштирокчиён пешниҳод ва андешаҳои худро оид ба роҳандозии ҳамкориҳои мушаххас, табодули таҷриба, омодасозии кадрҳои баландихтисос, дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба рушди соҳаи рақамии Тоҷикистон иброз намуданд. Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда изҳор карданд.