Нахуст, Қодиров Ҳакимҷон ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуда, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома — “Оиди таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ” дар ҶСК "Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ" бо тариқи райъгирӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.
Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлиси муассисон — “Дар бораи номгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ”, бо пешниҳод ва ҷонибдории ҳайати кормандон номи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Фановар” номгузорӣ карда шуд.
Вобаста ба масъалаҳои дигари рӯзнома оид ба интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Фановар” қарорҳои дахлдор қабул гардида, Қодиров Ҳакимҷон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фановар” ва Шарифзода Муҳаммад муовини раиси ташкилот интихоб гардиданд.
Дар идома Қурбонзода Убайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, вобаста ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, баланд бардоштани нуфузи ҲХДТ дар ҷомеа, танзими ҳаракати аъзои ҳизб ва истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, таъкид карданд, ки: «Бахусус, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба минбари асосии бархӯрдҳои идеологӣ мубаддал гардидааст, аз арзишҳои миллии худ дифоъ созем. Ормонҳои созандаи ҲХДТ-ро васеъ тарғиб намуда, дар самти иттиҳоду ҳамфикрӣ талош варзем. Зеро ин амал кафолати таъмини сулҳу субот, пешрафту тараққиёт ва минбаъд вусъат пайдо намудани корҳои созандагӣ мебошад».
Дар анҷоми маҷлис ба кормандоне, ки мавқеи сиёсии худро муайян намуда, тоза ба сафи ҲХДТ пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардид.