Бо қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 30 июни соли 2026, №101 иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, санаи 10 июли соли 2026, соати 15:00 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти…
Бо қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 30 июни соли 2026, №101 иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, санаи 10 июли соли 2026, соати 15:00 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ба рӯзномаи иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати ҳафтум масъалаҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
1. Ҳисоботи муовини якуми Раиси ноҳия оид ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 майи соли 2022, №251 «Дар бораи нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2022-2026» дар ноҳия;
2. Ахбороти Прокурори ноҳия оид ба вазъи иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2026;
3. Ҳисоботи муовини соҳавии Раиси ноҳия оид ба ҷараёни иҷрои фармони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 «Дар бораи
бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар ноҳия;
4. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз
ҳавзаи интихоботии №4;
5. Гузориши Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Оид ба одоби вакилон» дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №31;
6. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм;
7. Дар бораи таъин намудани интихоботи вакил ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии №31;
8. Дар бораи ташкили Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоби
вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳавзаи интихоботии №31;
9. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.