ГУЗАРОНИДАНИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ДАР САМТИ ТАҚВИЯТИ ПАРДОХТИ ЭЛЕКТРОНИИ РОҲКИРО
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Боронзода Давлатманд ва намояндаи Лоиҳаи "Корти шаҳрӣ" Сафолов Нурмуҳаммад бо мақсади бурдани корҳои таблиғотӣ ҷиҳати…
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Боронзода Давлатманд ва намояндаи Лоиҳаи "Корти шаҳрӣ" Сафолов Нурмуҳаммад бо мақсади бурдани корҳои таблиғотӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31 июли соли 2017, №419 ""Дар бораи амалинамоии Лоиҳаи Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умумии шаҳри Душанбе" бо кормандони дастгоҳи Раис, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва зерсохторҳои он вохурӣ доир карда шуд.
Зимни вохӯрӣ иштирокчиён оид ба татбиқи Лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умумии шаҳри Душанбе», имкониятҳо ва бартариҳои истифодаи воситаҳои муосири пардохти ғайринақдӣ, аз ҷумла кортҳои нақлиётӣ, QR-пардохт, кортҳои бонкӣ ва кортҳои яксафара маълумоти муфассал гирифтанд.
Қайд гардид, ки ҷорӣ намудани низоми пардохти электронии роҳкиро ба таъмини шаффофият дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон намояндагони Лоиҳаи «Корти шаҳрӣ» тартиби дастрас намудани кортҳои нақлиётӣ, истифодаи онҳо ва имтиёзҳои мавҷударо барои мусофирон шарҳу тавзеҳ дода, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки татбиқи чунин тадбирҳо дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» муҳим арзёбӣ гардида, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва рақамии аҳолӣ мусоидат менамояд.